Нахустин медали имсолаи Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи навбатии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” сазовори медали биринҷӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон (Полша) доир гардид. Гуфта мешавад, Дилшод Назаров гурзро ба масофаи […]

Asia-Plus

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи навбатии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” сазовори медали биринҷӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон (Полша) доир гардид.

Гуфта мешавад, Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби лаҳистониҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид.

Қайд мешавад, ки силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук дар соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Якум мусобиқа дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Ҷопон мизбони мусобиқаи варзиши сабук буд (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард. Дилшод Назаров, ҳамчунин дар мусобиқаи “Paavo Nurmi Games” (Финландия) низ ширкат карда, бо натиҷаи 76.16 сазовори ҷои панҷум шуд.

Зикр мегардад, ки феълан дар раддабандии беҳтарин гурандозони ҷаҳон Дилшод Назаров бо 229.35 хол дар ҷои сеюм аст. Павел Файдек (237.41) дар ҷои аввал, Войсех Новитский (236.70) дар ҷои дуюм, Бенс Халаж аз Маҷористон (228.66) дар ҷои чорум, Марсел Ломнитский аз Словакия (222.95) дар ҷои панҷум қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.