Баррасии масоили об ва баста шудани чанде аз роҳҳои Душанбе муддати се рӯз

Дар шаҳри Душанбе доир ба масъалаҳои об конфронси байнулмилалии сатҳи баланд доир мегардад, ки дар кори он 65 ҳайатҳои расмӣ: беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок мекунанд. Дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзи 20 июн дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе доир ба масъалаҳои об конфронси байнулмилалии сатҳи баланд доир мегардад, ки дар кори он 65 ҳайатҳои расмӣ: беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок мекунанд.

Дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзи 20 июн дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, аз иштироки сарони кишвар ва ҳукуматҳои чор кишвар – Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибути, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Дар робита ба баргузории конфронс ва чорабиниҳо дар ҳошияи он, аз ҷумла Форумҳои занон ва кӯдакон оид ба масоили об, ки имрӯз доир мегарданд, муддати се рӯз – то 21 июн ҳараакати нақлиёт дар баъзе самтҳои роҳҳои пойтахт баста мешавад.

Мо ба шумо вақти баста шудани роҳҳоро дар рӯзҳои баргузории конфронси об пешниҳод мекунем:

19 ИЮН

– аз 12:30 то 14:30 – роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе то «Кохи миллат»;

– аз 13:00 то 15:00 – аз меҳмонхонаи «Серена» то «Кохи миллат» ва сипас то майдони Дӯстӣ (муҷассамаи Исмоили Сомонӣ);

– аз 14:15 то 15:30 – дар хиёбони Рӯдакӣ роҳ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то кӯчаҳои Шерозӣ ва Теҳрон баста мешавад;

– аз 15:00 то 15:20 – дар хиёбони Рӯдакӣ роҳ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон баста мешавад; 

– аз 16:20 то 16:40 – дар хиёбони Рӯдакӣ роҳ аз қароргоҳи ҳукумат то меҳмонхонаи Serena баста мешавад;

– аз 19:00 то 21:20 – роҳҳо ба самти «Кохи Наврӯз» баста мешаванд;

– аз 21:00 то 21:30 – роҳ аз "Кохи Наврӯз" то меҳмонхонаи Serena баста мешавад.

20 ИЮН

– аз 7:45 то 22:00 – роҳ аз Фурудгоҳи Душанбе то қароргоҳи ҳукумат дар хиёбони Рӯдакӣ баста мешавад;

– аз 10:40 то 11:50 – роҳ аз қароргоҳи ҳукумат то меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe (хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Ганҷавӣ, Ҳувайдуллоев то Кӯли ҷавонон) баста мешавад.

– аз 10:00 то 11:40 – роҳ аз баромадгоҳи пойтахт ба Варзоб баста мешавад (ҳайатҳо аз Пуғус ва Такоб боздид мекунанд).

– 13:00 то 14:00 – аз Варзоб то қароргоҳи шаҳрии ҳукумат.

– аз 19:20 то 20:00 – аз қароргоҳ то «Кохи Истиқлол», ҳамчунин кӯчаи Ганҷавӣ (минтақаи ВДНХ).

– аз 21:20 то 22:00 – роҳ аз «Кохи Истиқлол» то қароргоҳи ҳукумат.

– аз 21:20 то 22:00 – хиёбони Рӯдакӣ аз "Кохи Истиклол" то меҳмонхонаи  Serena.

21 ИЮН

– аз 10:20 то 10:40 – хиёбони Рӯдакӣ дар тамоми маркази шаҳр то фурудгоҳи пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.