Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо меҳмонони воломақоми конфронси Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 июн бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Муҳриддин ба Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори миннатдорӣ […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 июн бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Муҳриддин ба Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” изҳори миннатдорӣ намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ ва инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамкориҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Бурианро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба шаҳри Душанбе ташриф оварда аст,  ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ Наталя Герман ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об баён намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.