Ифтитоҳи Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об дар Душанбе

Рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) – 2030 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мешавад, ки ба амалисозии ҲРУ 6: “Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама” равона шудааст. Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси […]

Иттилоияи расмӣ

Рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) – 2030 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мешавад, ки ба амалисозии ҲРУ 6: “Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама” равона шудааст.

Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ 19-уми июн чорабинии якрӯзаи пеш аз конфронс таҳти унвони “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” доир мегардад, то ки ҳар як кӯдак дар ҳама ҷо ба оби бехатар ва беҳдошт дастрасӣ дошта бошад.

Анҷумани мазкур дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, аз се бахши асосӣ иборат хоҳад буд ва дар он садҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок мекунанд. Зимнан масъалаҳои таъмини об, санитария ва гигиена, инчунин таъсири он ба ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак баррасӣ мешаванд.

Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ аст, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, санитария ва гигиена тарҳрезӣ кардаанд. Намоишгоҳ дар макони баргузории Анҷуман созмон дода мешавад.

Анҷуман ҳамчунин барои шунидани садои кӯдакон ва наврасон, духтарон ва писарон аз тамоми қаламрави Тоҷикистон оид ба масоили таъмини об, санитария ва гигиена фазои мусоид фароҳам меорад. Парчами Обии Кӯдакон, ки фарогири даҳҳо тасвири кашидаи кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд истифода мешавад.

Иштирокдорон иртиботи таъмини об, санитария ва гигиенаро бо инкишофи барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ мекунанд.

Дар ҷамъбаст маросими супоридани мукофотҳо ба 3 лоиҳаи беҳтарини  озмуни “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.