Шабнами Сурайё дар 13-солагиаш чӣ таронае суруда буд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои соли 1994 сабтшудаи ситораи оянаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайёи 13-сола торафт маъруфияти зиёдтар касб мекунад. Дар он Шабнам бори нахуст назди тамошобинон суруди модари худро месарояд. Нахустин таронаи Шабнами Сурайёи 13-сола «Хоб аз чашмонам рабудӣ» мебошад, ки дар ҷашни зодрӯзи модараш – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сурайё Қосимова соли 1994 дар […]

Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои соли 1994 сабтшудаи ситораи оянаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайёи 13-сола торафт маъруфияти зиёдтар касб мекунад. Дар он Шабнам бори нахуст назди тамошобинон суруди модари худро месарояд.

Нахустин таронаи Шабнами Сурайёи 13-сола «Хоб аз чашмонам рабудӣ» мебошад, ки дар ҷашни зодрӯзи модараш – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сурайё Қосимова соли 1994 дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб садо дод.

Қаблан Шабнам дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» иқрор шуда буд, ки ба сароидани ин тарона пинҳонӣ омодагӣ мегирифт, зеро мехост, ки ба модараш туҳфаи ғайриоддӣ пешниҳод намояд. Пас аз иҷрои муваффақона ин суруд ӯ дар озмунҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба комёбиҳо ноил гардид. Баъдан Шабнам ба ҷуз саҳна, модарашро дар тӯйҳо ҳамроҳӣ ва ба ӯ кумак мекард.

Шабнам 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб дида ба ҷаҳон кушодааст. Модар ва хоҳари Шабнам — Сурайё Қосимова ва Фарзонаи Хуршед — низ аз ҳунарпешаҳои шинохта дар Тоҷикистон ҳастанд.

Шабнамро машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки шӯҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон дӯстдорони бисёре дорад.

Шабнам дар солҳои 2008 — 2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско ва ғайраҳо) баргузор кардааст.

Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.