Ду ҳодисаи кордзанӣ дар Тоҷикистон: ҳалокати ҷавонзан

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи истифода аз корд зимни муноқишаҳо ба қайд гирифта шуда, як ҷавонзан ҳалок ва ҷавони дигар дар бемористон бистарӣ шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҳамадонӣ кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсари 32 солаи худ марди 42-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд. «Мард […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи истифода аз корд зимни муноқишаҳо ба қайд гирифта шуда, як ҷавонзан ҳалок ва ҷавони дигар дар бемористон бистарӣ шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҳамадонӣ кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсари 32 солаи худ марди 42-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд.

«Мард дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқиша бо ҳамсари 32-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 11-маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар хабар ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамон рӯз марди 22-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт аз сабаби хусумати шахсӣ бо марди 23-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба рони пояш задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.