Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ғазаби шабакаҳои иҷтимоӣ аз видеои шикорчии гӯсфанди Марко Поло - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ғазаби шабакаҳои иҷтимоӣ аз видеои шикорчии гӯсфанди Марко Поло

Дар навор Брайан Мартин, молики ширкати канадагии Asian Mountain Outfitters шикори дар тамоми ҳаёташ як маротиба дастдодаро таърифу тавсиф мекунад.

Айни замон шикорчӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳавйвони дохил дар Китоби сурх – гӯсфанди Марко Полоро куштааст.

Навори видеои мазкур дар саҳифаи ҷамъияти шикорчииёни Argali дар Фейсбук гузошта шудааст.

МЕДИА (IFRAME)

Дар ҳамин ҳол, одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯзноманигорон баргузори тафтишоти то куҷо қонунӣ кушта шудани ҳайвонро тавсия медиҳанд. Ҳомиёни ҳайвонот ин амалро разилӣ мешуморанд, ҳарчанд тибқи қонунҳои Тоҷикистон, куштани Марко Поло манъ нест. Танҳо пул пардохт кардан лозим аст.

Шикори ҳайвонот дар Тоҷикистон бар асоси пардохти маблағ бо тартиботи муқарраршудаи ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ, имсол ба шикори 85 гӯсфанди Марко Поло иҷозат дода шудааст, ки нархи шикори ҳар яке 45 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин шумор то нимаи тобистон аллакай 66 ин навъи гӯсфанд шикор ва аз ин ҳисоб ба давлат 3 млн. сомонӣ даромад ворид шудааст. Саршумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон ба 23-25 ҳазор адад мерасад.

Дар ҳамин ҳол, нархи шикори қонунӣ иваз нашудааст. Бо дастрас кардани иҷозатнома ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ, шикорчиён бар асоси қонунӣ метавонанд ба шикори гӯсфанди Марко Поло раванд.

Ҳамасола аз ҳисоби шикори навъҳои нодири ҳайвонот буҷети кишвар 5 млн. сомонӣ маблағ ба даст меорад.