ҚС: Хатари вуруди мусаллаҳонаи мустақим ба Тоҷикистон вуҷуд надорад

Date:

Тоҷикистон бодиққат фаъолшавии гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз итоати Кобулро бевосита назди марзҳои худ пайгирӣ дошта, оид ба таҳкими ҳифзи баъзе қитъаҳо тадбирҳои пешгирикунанда меандешад, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев.

«Вазъ дар назди марзҳои худро, бахусус дар самтҳое, ки ҷамъшавии зиёди шахсони мусаллаҳи шомил ба созмонҳои гуногуни ифротгаро ва террористӣ ба мисли ҳаракати «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ба мушоҳида мерасад, мо дақиқкорона пайгирӣ дорем», – таъкид дошт майор Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз барои ба марз бо Афғонистон сафарбар намудани нерӯҳо, аслиҳа ва техникаи иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад.

«Нерӯ ва воситаҳои амалкунанда дар сарҳад барои посухи муносиб ба кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Тоҷикистон кофист», – қайд кард номбурда.

Намояндаи Қушӯнҳои сарҳадӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки хатари вуруди мусаллаҳонаи мустақим аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ин ниҳод низ ният надорад, ки ба сарҳад бо Афғонистон нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...