Гонконг ба «Ориёнбонк» барои фурӯши оби Сарез кумак мекунад

Бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» ва ширкати Heaven Springs Harvest Group ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши табодули об ва таъсиси корхона оид ба фурӯши захираҳои обии кӯли Сарез дар кишварҳои Осиёи Марказӣ созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расониданд. Созишнома охири моҳи майи соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ва муассиси […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» ва ширкати Heaven Springs Harvest Group ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши табодули об ва таъсиси корхона оид ба фурӯши захираҳои обии кӯли Сарез дар кишварҳои Осиёи Марказӣ созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расониданд.

Созишнома охири моҳи майи соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ва муассиси Heaven Springs Harvest Group Дейто Сри Байма Аёси ба имзо расидааст, хабар медиҳанд ВАО-и хориҷӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ширкати Гонконг. Аз дигар ҷузъиёт маълумот дода намешавад.

Дар «Ориёнбонк» ба «Азия-Плюс» ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик дар ин бора маълумоти иловагӣ пешниҳод мекунанд.

Ширкати Heaven Springs Harvest Group дорои беш аз 80 патенти байнулмилалӣ дар доираи низоми WIPO PCT мебошад, ки 152 кишвари дунёро фаро мегирад.

ҶСК «Ориёнбонк» яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми сармояи оинномавиаш зиёда аз 440 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио