Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар бораи раводид ба ИМА савол додан мехоҳед? Дар Гӯшаи Амрико дар Душанбе (кӯчаи Толстой 66) бо намояндагии консулгарии ИМА вохӯрӣ барпо мешавад. Оғоз соати 15 ва 16:00;

– Бозии нимфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол. Соати 23:00 ба вақти Душанбе дар шаҳри Маскав вохӯрии дастаҳои Хорватия ва Англия оғоз мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.1752 сомонӣ;

1 евро – 10.7552 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1468 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 – Мутобиқи Созишнома миёни ҶТ ва БРСММ дар Тоҷикистон Марказ оид ба масоили мина ташкил гардид.

2009 — Дар ҷараёни амалиёти безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳона дар ноҳияи Тавилдара собиқ фармондеҳи ИНОТ, собиқ раиси Кумитаи ҲФ ва МГ Тоҷикистон Мирзо Зиёев кушта шуд.

2009 — Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи санҷиши чароғҳои каммасраф ба кор даромад.

2013 — Ифтитоҳи Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ.

1911-1989 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Пир Садиров.

1942 – Мавлуди раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гавҳар Мирҷумъаева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +16+21.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +40+42.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...