495 таъхири парвоз. ФБД сабабҳои асосии таъхири парвозро шарҳ дод

Фурудгоҳи байнулмлалии Душанбе (ФБД) аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 натиҷагирӣ намуд: дар ин давра ба 611,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 0,6 % зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФБД, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда1677,0 […]

Asia-Plus

Фурудгоҳи байнулмлалии Душанбе (ФБД) аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 натиҷагирӣ намуд: дар ин давра ба 611,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 0,6 % зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФБД, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда1677,0 тн.-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360,0 тн. ё 27,3 % зиёдтар мебошад.

Гуфта мешавад, аз миқдори умумии борҳои содиршуда 192,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.

Зикр мегардад, ки дар давраи ҳисоботӣ 495 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 220 ҳодиса ё 30,7% камтар аст.

«Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 403 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ – 35 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 20 ҳодиса ва ғайра», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки айни замон парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: – 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш Эйрлайнс”, “ Кам Эйр”, Хитой, “Флай Дубай”, “Осмон Эйр”), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал – Россия, Авиатрафик – Қирғизистон, Эйр Астана – Қазокистон, Узбекистон хаво Йуллари) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Русия, инчунин ба Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон парвоз мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.