Корпоратсияи электроэнергетикии сохтмонии Power China-и Чин ояндаи наздик ба сифати грант дар вилояти Хатлон се мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд ва онҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин мекнуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни Корпоратсияи «Power China»-и Чин ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст дар ноҳияи Данғара, ва ду муассисаи таълимӣ барои 320 нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.
Корпоратсияи Power China, ки дар ин лоиҳа иштирок мекунад, айни замон ба таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд машғул аст, ки аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, то имрӯз аз тарафи ширкатҳои Чинӣ 7 мактаб сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳар як мактаб бо таҷҳизот таъмин шудаанд. Ин мактабҳо барои 640 нафар ҷойи нишаст омода ва ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ 12000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар 112 мактаби олии Чин наздики 3 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


