Хадамоти алоқа: дар ним сол даромади соҳа 140 млн. долларро ташкил дод

Date:

Зимни нишасти хабарии рӯзи 16 июл муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа ҳамроҳ бо операторони хусусӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) наздики 140 млн. долларро ташкил дод.

Ба гуфтаи ӯ, давоми шаш моҳи соли 2017 даромади соҳа – 128,9 млн. доллар ва ҳамин давраи соли ҷорӣ – 139,5 млн. долларро ташкил додааст.

«Маблағи хизматрасонии алоқаи барқӣ дар ин давра ба 925,50 млн. сомонӣ (98,1 млн. доллар) баробар шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 4,8 млн. доллар зиёдтар мебошад», – иброз дошт номбурда.

Отаев қайд кард, ки айни замон дар соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 3110 нафар бо музди меҳнати миёнаи 945 сомонӣ (100 доллар) машғули коранд.

«Ҳамагӣ дар Тоҷикистон беш аз 6,2 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 4,1 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Беш аз 3,5 млн. нафар муштариёни алоқаи маҳаллӣ буда, 1,3 млн. нафарашон фаъоланд. Шумори корбарони Интернет бо шумули интернети мобилӣ 2,5 млн. нафарро ташкил медиҳад», – хабар дод муовини сардори хадамот.

Зимнан зикр гардид, ки феълан дар Тоҷикистон 470 шуъбаи алоқаи почтавӣ амал мекунанд ва ҳаҷми даромади умумӣ аз хизматрасониҳои КВД «Почтаи тоҷик» тӯли 6 моҳи соли равон беш аз 427 ҳазор долларро ташкил додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...