Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 7,2% ба қайд гирифта шуд

Тибқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,2%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ наздики 2,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,2 фоиз бештар аст. Дар сохтори ММД […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,2%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ наздики 2,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,2 фоиз бештар аст.

Дар сохтори ММД ҳиссаи нисбатан бештар ба саноат бо шумули энергетика (17,9%) ва савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ, лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо (17,2%) рост меояд.

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ 12,6%, ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ – 12,8% ва андоз – 12,7%-ро ташкил додаааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ чун соли пешин аз рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,2% интизорӣ дорад. Лекин пешгӯиҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ нисбатан камтаранд.

Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи рушди ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 Хазинаи байнулмилалии асъор дар сатҳи – 4%, Бонки осиёгии рушд – 6% ва Бонки ҷаҳонӣ – 6,1: пешгӯи мекунанд. Соли гузашта рушди воқеъии ММД Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон миёни нуҳ кишвари ҷаҳон ҷой гирифтааст, ки соли гузашта ба рушди баландтарини иқтисод ноил гардиданд. Ин рушдро таҳлилагрони Бонки ҷаҳонӣ дар навбати аввал ба «устуворона барқарор шудани интиқоли маблағҳо, ки ба барқаор шудани рушд дар Русия ва беҳбуди муҳити беруна вобаста  аст», нисбат медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио