Қушӯнҳои сарҳадӣ: ба хориҷи кишвар рафтани набераи Кабириро касе манъ накардааст

Барои ба хориҷи кишвар рафтани Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи 4-солаи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гуна маҳдудияту манъкунӣ ҷорӣ нашудааст, изҳор намуд ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз ҷиҳати барои муолиҷа ба хориҷи кишвар бурдани ӯ ҳеҷ касе аз наздикон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барои ба хориҷи кишвар рафтани Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи 4-солаи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гуна маҳдудияту манъкунӣ ҷорӣ нашудааст, изҳор намуд ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз ҷиҳати барои муолиҷа ба хориҷи кишвар бурдани ӯ ҳеҷ касе аз наздикон ё парасторони кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардаанд.

«Агар кӯдак ҳуҷҷати дахлдор ва шахси ҳамроҳ дошта бошад, ӯ дар ҳама гуна вақт метавонад аз қаламрави кишвар берун равад», – иброз дошт Улуғхоҷаев.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки модари кӯдак Мижгона Зайниддинова «ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои гирифтани шиноснома барои худаш ва кӯдаки бемораш муроҷиат накардааст».

Қобили зикр аст, ки дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, созмондиҳандагони ин аксия иттилоъ медиҳанд, ки кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар иҷозат намедиҳанд.

«Иброҳими 4-сола дар дасти ҳукуматдорони тоҷик гаравгон шуд. Мо талаб мекунем, ки ба модари ӯ барои ба хориҷи кишвар ба муолиҷа бурдани ӯ иҷозат дода шавад», – изҳор мекунанд муалиифон. Тибқи маълумоти Payom.net, оилаи кӯдак ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат намуда, лекин аз ин натиҷае ҳосил нашудааст.

Руҳулло Тиллозода, падари кӯдак чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буд. Ҳукуматдорон ӯро ба мисли раиси ҲНИТ дар дастгирии исёни мусаллаҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Гӯё бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ ӯ ба генерал барои тайёрӣ ба ошӯби мусаллаҳона беш аз 1 млн. доллар маблағ додааст.

Зикр гардида буд, ки ҳуҷҷатҳои модари кӯдак Мижгона Зайниддинова гирифта шудааст. Дар бораи манъи ба хориҷа сафар кардани ӯ писари дигари пешвои ҲНИТ Муҳаммад Тиллозода хабар дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио