17 задухӯрди мусаллаҳона тӯли ним сол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тӯли шаш моҳи соли равон дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон 17 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 39 амалиётҳои махсус, ки аз он 13 амалиёт бо КДАМ […]

Asia-Plus

Тӯли шаш моҳи соли равон дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон 17 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 39 амалиётҳои махсус, ки аз он 13 амалиёт бо КДАМ ҶТ ва 14 амалиёт бо дигар сохторҳо ва мақомотҳои қудратӣ гузаронида шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз қочоқчиён ба миқдори 1 129 кг 331 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла:  70 кг 224 гр  героин,  339 кг 416 гр афюн, 535 кг 914 гр ҳашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис),  125 кг 850 гр маводҳои мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

«Дар натиҷаи ин амалиётҳо 14 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 443 дона тирҳои қутраш гуногун, 3 адад маводи тарканда, 25 адад лавозимотҳои ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин муддат бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудаааст, ки дар натиҷа 7 нафар қочоқчиён нобуд ва 21 нафари дигар дастгир шуда, инчунин 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.