Дар дарёҳои Тоҷикистон тӯли 2 рӯз 2 кас ғарқ шуд

Муддати 2 рӯз – 22-23 июл дар дарёҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуд, ки яке аз онҳо ҷавони 18-сола ва дигарӣ хонандаи мактаб мебошад. Бино ба маълумоти дафтари матботи ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 22-юми июл писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, хонандаи синфи 6 ҳангоми дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон оббозӣ карданаш аз […]

Asia-Plus

Муддати 2 рӯз – 22-23 июл дар дарёҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуд, ки яке аз онҳо ҷавони 18-сола ва дигарӣ хонандаи мактаб мебошад.

Бино ба маълумоти дафтари матботи ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 22-юми июл писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, хонандаи синфи 6 ҳангоми дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон оббозӣ карданаш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, бегоҳи рӯзи дигар ҷавонписари 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҳангоми оббозӣ намудан дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-гузари шаҳри мазкур аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар ин робита ВКД Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки зимни оббозӣ дар рӯду дарё ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози сол дар рӯду дарё ва ҳавзу обанборҳои ҷумҳурӣ 69 нафр ғарқ шуданд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони синни то 16-сола мебошанд.

Сабаби ин ҳодисаҳоро Кумита маҳз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ унвон мекунад. Макони ғарқшавии ин шахсон асосан ҷойҳои барои оббозӣ манъ ва дар баъзе ҷойҳо қатъиян манъ аст.

Хотиррасон мекунем, ки дар зимни ба ҳолатҳои фавкулода ва ғайримунтазира афтодан, ба телефонҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода – 223-13-11 ё рақами кӯтоҳи 112 муроҷиат кардан зарур аст!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.