ВКХ Тоҷикистон ҷазои сангин ба қотили духтарчаи тоҷикро талаб кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба куштори духтарчаи хурдсоли тоҷик дар Серпухово ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ирсол намуд. «Куштори  ваҳшиёнаи  шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод,  боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид», – қайд мешавад дар маълумоти нашршудаи Вазорат. […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба куштори духтарчаи хурдсоли тоҷик дар Серпухово ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ирсол намуд.

«Куштори  ваҳшиёнаи  шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод,  боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид», – қайд мешавад дар маълумоти нашршудаи Вазорат.

Дар ёддошт аз мақомоти дахлдори Русия даъват мешавад, ки ҳодисаи мазкур дақиқкорона ва мӯшикофона мавриди тафтиш қарор дода шавад.

«Даъват мекунем, то  тафтиши комили  ҷинояти ваҳшиёна, ки  нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба  ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Россия бо мақомоти марбутаи Россия то аноҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабака навори видеои Telegram-канал Mash нашр шуд, ки дар он чӣ гуна бо сумкаи варзишӣ дар китф гузаштани гумонбаршуда ва ҳангоми бозгашт дар китфаш набудани сумка дида мешавад.

Падари духтарча Абдусалом Саидов то ҳол ба ин ҳодисаи рухдода бовар надорад. Ҳувайдо ягона духтари ин оила буд, хабар медиҳад Telegram-канал Life Shot. Ба гуфтаи Саидов, аз замоне, ки кормандони пулис ба ӯ дарёфти ҷасадро хабар додаанд, ӯ духтарашро надидааст.

Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Кӯдаки панҷсола чӣ гуноҳ дошт, ки ба ӯ чунин карданд? Ҳоло тафтиш мекунанд, намедонам чӣ мешавад. Мо ин ҷо ҳеҷ қадр надорем. Агар имконият бошад, сафорат ба мо кӯмак кунад, ки ҷасадро ба Тоҷикистон барем”.

Дар навбати худ намояндагии диплматии Тоҷикистон дар Русия оилаи духтарчаи фавтидаро ҳамаҷониба дастгирӣ намулда, барои ба ватан интиқол додани ҷасад ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио