Нигаронии Бонки ҷаҳонӣ аз қарзҳои зиёди корхонаҳои давлатии Тоҷикистон

Date:

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатиро аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мансуб медонанд.

Иқтисодчиёни ин ниҳоди молиявӣ дар навбати аввал аз қарзҳои андози корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор менамоянд.

Дар гузориши чанд рӯз пеш нашршудаи ин ниҳоди молиявӣ қайд мешавад, ки нисфи қарзи умумӣ ба корхонаҳои бузурги давлатӣ рост омада, соли 2017 он ба наздики 315 млн. сомонӣ (0,5% аз ММД) баробар шудааст.

Мувофиқи маълумоти мақомоти андози Тоҷикистон, ба аввали соли ҷорӣ корхонаҳои аз ҳама бештар қарзашон зиёд аз андоз ширкати «Барқи тоҷик» (101 млн. сомонӣ), «Тоҷиктелеком» (35 млн. сомонӣ) ва «Ширкати алюминии тоҷик» (24 млн. сомонӣ) мебошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қарзи "Барқи тоҷик" аз надоз 101 млн. сомониро ташкил медиҳад

Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳукумат ба корхонаҳо двлатӣ қарз дода, худро ба хатарҳои муайян дучор мекунад.

«Ҳукумат маблағҳои аз ниҳодҳои молиявӣ гирифтаашро бо меъёри 3-6% фоиз қарз медиҳад, ки аз арзиши қарзи тиҷоратӣ ба таври назаррас поинтар аст. Сарфи назар аз вазъи мушкили молиявӣ, ширкати «Барқи тоҷик» ва «Тоҷиктрансгаз» чунин қарзҳоро дастрас мекунанд», – омадааст дар гузориш.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, ҳаҷми қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 15,1 млрд. сомонӣ ( зиёда аз 1,6 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ба наздики 25%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки қарзи умумӣ аз рӯи қарзҳои мустақим ба корхонаҳои давлатӣ аз буҷет 75 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 0,4% аз хароҷоти умумии давлатӣ баробар аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки дар чунин шароит суръат бахшидан ба ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ барои берун нарафтани воситаҳои давлатӣ ва пешгирии истифодаи бесамари захираҳои давлатӣ зарур аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба аввали семоҳаи дуюми соли ҷорӣ қарзи умумии корхонаҳои миёна ва бузурги Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии оморӣ, 20,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Корхонаҳои нисбатан зиёновар бештар дар соҳаҳои саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гиифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...