Оғози равуои автобусҳои нав дар хатсайри №25-и Душанбе

Шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи аҳолинишини «Зарафшон»-и пойтахт то бозори «Меҳргон» автобусҳои нав ба равуо оғоз мекунанд. Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳисоби буҷети худ мақомоти шаҳрдории Душанбе боз аз Туркия 100 автобусҳои тамғаи ISUZU харидааст. Соли гузашта […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи аҳолинишини «Зарафшон»-и пойтахт то бозори «Меҳргон» автобусҳои нав ба равуо оғоз мекунанд.

Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳисоби буҷети худ мақомоти шаҳрдории Душанбе боз аз Туркия 100 автобусҳои тамғаи ISUZU харидааст. Соли гузашта 140 адад чунин тамғаи автобусҳо харидорӣ шуда буд.

Муовини аввали раиси пойтахт қайд кард, ки дар Душанбе ба сурати умум беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба шаҳрвандон хизматгузорӣ мекунанд, ки наздики 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

«Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд. Бо туфайли ба тавозуни мо ворид гардидани автобусҳои ISUZU ва AKIA, корхонаҳои коммуналии шаҳр ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳбуд мебахшанд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нахустин автобусҳои ин тамға моҳи апрели соли гузашта ба Душанбе оварда шуданд. Баъди оғози ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо, микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и чанде аз хатсайрҳо аз фаъолият бозмонданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.