Сафорати ИМА ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон далел надорад

– Дар ҳоли ҳозир, Сафорати Амрико ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд, – хабар дода мешавад дар сомонаи расмии сафорат. Дар ҳамин ҳол, намояндагии дипломатии ИМА аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, ки оид ба муҳите ки дар он қарор доранд, иттилоъ дошта бошанд ва барои дилхоҳ кӯмак […]

Asia-Plus

– Дар ҳоли ҳозир, Сафорати Амрико ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд, – хабар дода мешавад дар сомонаи расмии сафорат.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии дипломатии ИМА аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, ки оид ба муҳите ки дар он қарор доранд, иттилоъ дошта бошанд ва барои дилхоҳ кӯмак ба сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор бо сайёҳони хориҷӣ дар роҳи мошингарди самти Данғара изҳор мегардад, ки “мо ин ҳамлаи ғайримунтазираро маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён мерасонем ва ба онҳое, ки дар ин фоҷеъа осеб диданд, шифоёбии оҷилро орзу мекунем”.

“Сафорати Амрико ба мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон оиди вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо дар ин ҳодиса миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомотҳо дар раванди тафтишот давом медиҳад”, – қайд мешавад дар маълумоти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пахши сайёҳон бо автомашина дар роҳи ноҳияи Данғара чор нафар саёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд, ки 2 нафарашон шаҳрвандони ИМА мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио