Маълумоти ВАО-и ҷаҳон доир ба фавти сайёҳон дар Тоҷикистон

Ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон ду рӯзи охир дар сархати хабарҳои васоити ахбори умуми ҷаҳон қарор дорад. Шабакаи телевизионии EuroNews аз хулосабарорӣ худдорӣ варзида, танҳо ба изҳороти расмии ҳукуматдорони Тоҷикистон ишора мекунад. “Дар ин ҳамла Тоҷикистон ҳизби манъшудаи исломиро гунаҳкор медонад, лекин ҲНИТ ба пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки […]

Asia-Plus

Ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон ду рӯзи охир дар сархати хабарҳои васоити ахбори умуми ҷаҳон қарор дорад.

Шабакаи телевизионии EuroNews аз хулосабарорӣ худдорӣ варзида, танҳо ба изҳороти расмии ҳукуматдорони Тоҷикистон ишора мекунад.

“Дар ин ҳамла Тоҷикистон ҳизби манъшудаи исломиро гунаҳкор медонад, лекин ҲНИТ ба пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки тафтишот “овоза ва гумонҳоро ботил мебарорад, – менависад хабаргузории амрикоии Time. – Агар изҳороти Давлати исломӣ тасдиқ шавад, ин бори нахуст хоҳад буд, ки аз моҳи августи соли 2017 дар Барселона, шаҳрвандони ИМА бар асари амали террористӣ дар хориҷи кишвар кушта шуданд”.

Дар бораи даст доштани Давлати исломӣ ба ин ҳамла Нью-Йорк Таймс низ маълумот дод – “Давлати исломӣ изҳор дошт, ки 4 велосипедронро дар Тоҷикистон нобуд кард”.

Хабаргузории Франс-Пресс (AFP) менависад, дар изҳороти Давлати исломӣ гуфта мешавад, “гурӯҳи сарбозони халифат” ба “шаҳрвандони кишварҳои эътилофи салибдорон” ҳамла кард.

Нашрияи “Республика”-и Италия бо сарлавҳаи “Тоҷикистон, автомобил велосипедронҳои Ғарбро пахш кард. Давлати исломи: “Ин кори мост” ба чоп расида, дар он зикр мегардад, ки дар ин амал ВКД Тоҷикистон ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшударо муттаҳам мекунад, лекин роҳбарони ҳизби дар хориҷи кишвар қарордошта ин айбро рад мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио