Коҳиши истеҳсоли алюминий дар ТАЛКО бинобар сабаби корҳои таъмир

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар робита ба корҳои таъмиру таҷдиди иқтидорҳои корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро кам кард. Тавре ба Азия-Плюс” вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бодозода хабар дод, нимсолаи авали соли ҷорӣ дар ТАЛКО 54,8 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар робита ба корҳои таъмиру таҷдиди иқтидорҳои корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро кам кард.

Тавре ба Азия-Плюс” вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бодозода хабар дод, нимсолаи авали соли ҷорӣ дар ТАЛКО 54,8 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии содиротии кишварро вазир ба иҷрои корҳои таъмиру таҷдид дар корхона нисбат дод.

“Корҳои таъмир асосан ба насби таҷҳизоти муосир, ки ба се баробар кам кардани хароҷоти нерӯи барқ имкон медиҳад, вобаста аст. Табиист, ки ин ба арзиши аслии яке аз маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд”, – гуфт Бобозода.

Вазир умедвор аст, ки корҳои таъмиру навсозӣ то охири соли равон ба итмом расида, пас аз он афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки наздики 48 ҳазор тонна алюминии истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот ва беш аз 4 ҳазор тоннаи он дар дохили кишвар коркард шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио