Ҳаҷми истеҳсоли тилло коҳиш ёфта, нуқра зиёд шуд

Date:

Ҳаҷми истеҳсоли тилло нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфта, истеҳсоли нуқра афзуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар Тоҷикистон наздики 2,5 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 кило камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли тиллоро дар Вазорат ба муваққатан аз фаъолият бозмондани чанде аз корхонаҳои ин соҳа, аз ҷумла конҳои «Покрут», КМ «Зарафшон (муддати қариб 1 моҳ) ва дастрас нашудани реагенти кимиёвӣ – сианид нисбат доданд.

«Нисолаи аввали соли ҷорӣ аз 12 корхонаи истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7-тоаш мунтазам фаъолият доштанд», – гуфтанд дар Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон ҳудуди 3,1 тонна нуқра истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 тонна зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...