Аз оғози сол қарзи хориҷии Тоҷикистон 14 млн. доллар афзуд

Қариб 95%-и аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистонро воситаҳои ҷалбшуда ба эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат марбут аст, ба санаи 1 июли соли ҷорӣ 2 млрд. 743 млн. долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ. Маблағи умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ин давра бошад, ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қариб 95%-и аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистонро воситаҳои ҷалбшуда ба эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат марбут аст, ба санаи 1 июли соли ҷорӣ 2 млрд. 743 млн. долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ. Маблағи умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ин давра бошад, ба 2 млрд. 893 млн. доллар баробар шудааст.

Боқимонда 5% дар сохтори қарзи хориҷӣ ба таври зайл тақсим шудааст:

– қарзи ҷалбшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Хазинаи байнулмилалии асъор барои нигаҳдории мувозинати пардохтҳо – 71,6 млн. доллар;

– қарзи ҷалбшудаи БМТ аз Чин – 7 млн. доллар;

– қарзи ҷалбшудаи БМТ аз Бонки исломии рушд – 3,6 млн. доллар;

– қарзҳо бо кафолати давлатӣ – 36,6 млн. доллар;

– қарзи корхонаҳое, ки кафолати давлатӣ надоранд – 31,5 млн. доллар.

Қарзи хориҷӣ афзуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози сол ба миқдори 14 млн. доллар афзуд. Аввали сол он 2 млрд. 879 млн. долларро ташкил медод, ки ба 40,3%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар буд.

Пардохти қарзи хориҷӣ нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 90,6 млн. доллар сурат гирифт. Давоми соли равон ҷалби 200 млн. доллар қарзи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин эҳтимоли ҷалби сармоя аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ низ мавҷуд аст.

Ба киҳо қарздорем?

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст. Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин қарзҳои нисбатан зиёд назди Бонки ҷаҳонӣ (318 млн. доллар), Бонки рушди Осиё (278 млн. доллар) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ вуҷуд доранд.

Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди зиддибуҳронии ЕвразЭС, Фаронса, Олмон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди аврупоии сармоягузорӣ ва Фонди Абӯ-Дабӣ низ қарзҳои начандон зиёд дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.