Амнияти меҳмонон аз ҳама муҳимтар: фаъолияти шуъбаи сайёҳии милитсия

Се моҳ пеш дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд. Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати […]

Asia-Plus

Се моҳ пеш дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.

Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.

Мо бо кормандони ин шуъба суҳбат ороста, бо ҷараёни кори онҳо шинос шудем. Маълум шуд, ки дар 6 шуъбаи сайёҳии милитсия дар саросари ҷумҳурӣ 68 нафар нозирон фаъолият дошта, то ин муддат ба беш аз 1100 нафар сайёҳон кумак кардаанд.

“Мутассифона, баъди ҳамла ба сайёҳон дар Данғара меҳмонон барои амнияти худ бештар дар ташваиш шуданд. Аз ин рӯ, ҳозир мо кӯшиш мекунем, ки ҳамеша бо онҳо бошем. Имрӯз беш аз 60 нафар сайёҳон аз Италия, ИМА, Олмон ва Норвегия дар ҷумҳурӣ қарор доранд. Се гурӯҳи сайёҳон ба Помир рафтанд, ки онҳоро кормандони мо ҳамроҳӣ мекунанд, зеро таъмини амнияти меҳмонон барои мо аз ҳама муҳимтар аст”, – мегӯяд роҳбари шуъбаи сайёҳии милитсияи Душанбе, подполковники милитсия Дилафрӯз Каримова.

Ба гуфтаи ӯ, шуъбаи сайёҳии милитсия баҳри кори бештар пурсамар бо зиёда аз 40 ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар сурати зарурат ва ҳалли мушкилоти марбут ба қабулу ҳамроҳии сайёҳон меҳмонону сокинони кишвар бо телефони 231 80 36 ва 93 922 78 60 ба шуъба муроҷиат карда метавонанд.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.