Дархости ҳукумат доир ба озод кардани ширкати «Сафед- Дара» аз пардохти андозу боҷ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ният дорад, ки бо пешниҳоди ҳукумат ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2018 тағйироти навбатӣ ворид намояд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. Ин дафъа ҳукумат аз вакилон дархост кардааст, ки ширкати «Сафед-Дара» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ барои ворид […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ният дорад, ки бо пешниҳоди ҳукумат ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2018 тағйироти навбатӣ ворид намояд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Ин дафъа ҳукумат аз вакилон дархост кардааст, ки ширкати «Сафед-Дара» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ барои ворид кардани таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон озод карда шавад.

Номгӯи таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон, ки дар муддати як сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Техника аз ҳисоби воситахои худи ширкат харида мешавад. Дар бораи чӣ миқдор маблағ ворид нашудан ба буҷети ҷумҳурӣ аз иҷрои ин кор маълумот дода нашуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати «Сафед-дара» дар ноҳияи Варзоб бо номи «Дуои Модар» истироҳатгоҳи нав месозад. Истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ (беш аз 1,1 млн. доллар) маблағҳои ширкати «Сафед-дара» (маҳз ҳамин ширкат қаблан маҷмааи лижаронию сайёҳии ҳамномашро сохта буд) бунёд мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио