Боздошти сокини Қубодиён зимни кӯшиши ғорати НФС

Корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС), воқеъ дар қаламрави кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе, сокини 19-солаи ноҳияи Қубодиён ба гумони суиқасд ба куштор боздошт шуд. Шаби шанбе ба якшанбе ӯ пулҳои хазина (касса)-и нуқтаи фурӯши сӯзишвориеро, ки дар он кор мекард, ғорат карданӣ шудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ шабона ба ҳуҷраи хазинадори нуқтаи […]

Asia-Plus

Корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС), воқеъ дар қаламрави кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе, сокини 19-солаи ноҳияи Қубодиён ба гумони суиқасд ба куштор боздошт шуд. Шаби шанбе ба якшанбе ӯ пулҳои хазина (касса)-и нуқтаи фурӯши сӯзишвориеро, ки дар он кор мекард, ғорат карданӣ шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ шабона ба ҳуҷраи хазинадори нуқтаи сӯзишвории мазкур, марди 25-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид ва бо мақсади тасарруфи маблағи пулӣ ба ӯ ҳамла мекунад.

«Бо воситаи корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурда, аз он ҷумла 5-маротиба ба қафаси сина ва ду маротибаи дигар ба рони пояш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Ҳамчунин зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.