Рейдҳои санҷиши андозаи дастурхон дар рӯзи Иди Қурбон

Дар Тоҷикистон санаи 21 август яке аз идҳои асосии мусулмонӣ – Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Қаблан ҳукуматдорон огоҳ карда буданд, ки дастурхони идона бояд хоксорона бошад, вагарна ҷарима мешаванд. Пагоҳ аз субҳ кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба рейд мебароянд – онҳо андозаи дастурхон ва то чӣ қадр «хоксорона» ороста шудани […]

Дар Тоҷикистон санаи 21 август яке аз идҳои асосии мусулмонӣ – Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Қаблан ҳукуматдорон огоҳ карда буданд, ки дастурхони идона бояд хоксорона бошад, вагарна ҷарима мешаванд. Пагоҳ аз субҳ кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба рейд мебароянд – онҳо андозаи дастурхон ва то чӣ қадр «хоксорона» ороста шудани онро месанҷанд.

Вале ҳуқуқшиносон мегӯянд, ба гунаи мисол дар бораи баргузории тӯйи арӯсӣ дар қонун саҳеҳан рақамҳо оварда шуда, (на бештар аз 2 рӯз, на бештар аз 200 нафар меҳмонон, 4 автомашина дар вақти қайди ақди никоҳ ва ғайра), вале дар бораи андозаи дастурхон чизе гуфта нашудааст.

«Парлумон метавонист дар қонун муайян кунад, ки андозаи дастурхон дар идҳои Рамазону Қурбон набояд бештар аз 1х1,5 метри мураббаъ бошад ё маблағи умумии хароҷот бояд чунин миқдор бошад ва барои риоя нашудани он ҷазо муқаррар намояд, лекин айни замон дар қонун ин муқаррарот вуҷуд надорад», – мегӯянд онҳо.

Ҳуқуқшиносон ҳамчунин изҳор медоранд, ки ворид шудан ба манзили хусусӣ бидуни иҷозаи соҳибмулкон ғайриқонунӣ аст, вале истисноҳо, аз ҷумла анназаргузаронии манзил зимни ҳузур надоштани шахсони дар он иқоматдошта, иҷозаи кофтукови он, ба кормандони милитсия дар ҳолатҳои пешгирии ҷиноятҳо, оташнишонон ҳангоми сӯхтор ҳам вуҷуд дорад.

Ҳуқуқшиносон андешаи худро чунин ҷамъбаст карданд, ки барои бидуни иҷозаи соҳибмулк ба манзилаш ворид шудан асосҳои қонунӣ заруранд ва кормандони Кумитаи динн барои даромадан ба хонаҳои шаҳрвандон ваколат надоранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.