Кобули расмӣ Толибонро ба оташбаси семоҳа даъват кард

Вашингтон аз тасмими Кобул барои эъломи оташбаси муваққат бо гурӯҳи даҳшатафкани Толибон бахшида ба Иди Қурбон ҷонибдорӣ кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Помпео, Амрико аз эълони оташбас истиқбол мекунад, зеро он мутобиқ ба дархости мардуми Афғонистон барои сулҳ аст. Помпео аз Толибон ҳам хост, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вашингтон аз тасмими Кобул барои эъломи оташбаси муваққат бо гурӯҳи даҳшатафкани Толибон бахшида ба Иди Қурбон ҷонибдорӣ кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Помпео, Амрико аз эълони оташбас истиқбол мекунад, зеро он мутобиқ ба дархости мардуми Афғонистон барои сулҳ аст. Помпео аз Толибон ҳам хост, ки ба ин оташбас бипайванданд.

Котиби давлатии ИМА изҳор доштааст, ки кишвараш ҳамчунин аз пешниҳоди президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо Толибон ҷонибдорӣ карда, омодааст, дар ин раванд кумак кунад.

Пештар Ашраф Ғанӣ аз эълони оташбаси семоҳа бо Толибон хабар дода, аз ҳаракат хост, онҳо ҳам бипайванданд. "Агар Толибон розигии худро баён кунад, мо оташбасеро эълон мекунем, ки аз фардо, рӯзи душанбе шуруъ шуда, то рӯзи мавлуди паёмбар (20 ноябр) давом хоҳад кард", – навишт президенти Афғонистон дар Твиттер.

Ӯ дар навиштаи дувумаш раҳбарони Толибонро ба гуфтугӯ даъват кард. "Аз онҳо даъват мекунем, ба гуфтугӯе омодагӣ бигиранд, ки дар асоси усул ва арзишҳои исломи суннатӣ сурат хоҳад гирифт", – афзуд Ғанӣ.

Гуфта мешавад, пештар низ ҷонибҳо бахшида ба охири моҳи Рамазон ва Иди фитр оташбас эълом карда буданд.

Коршиноси тоҷик масоили муосири Афғонистон Қосим Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки посухи Толибон ба ин даъват якгуна нахоҳад буд, зеро имрӯз Толибон нерӯи ягона набуда, онҳоро қувваҳои гуногун аз хориҷи кишвар идора мекунанд.

«Аз ин рӯ, гурӯҳҳои нисбатан заифтари Толибон даъвати Кобули расмиро барои оташбас қабул карда метавонанд, лекин гурӯҳҳои пурқуввати ҳаракат, ки маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин зери тасарруфашон аст, инро намепазиранд», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.