АНОНС
– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал ба Туркманистон раҳсипор мегардад;
– Соати 14:00 дар суди ноҳияи Сино мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъво дар бораи ҷуброни зиёни маънавӣ барои тафтиши бесамари парвандаи ҷиноии марбут ба марги сокини Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев доир мегардад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.4226 сомонӣ;
1 евро – 10.9038 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1389 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1990 — Дар иҷлосияи II-уми Шӯрои Олии ИҶШС Декларатсия «Дар бораи истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон» қабул шуд, ки мутобиқи он Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва шаҳри Душанбе пойтахти он эълон шуд.
1992 – Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев аз силоҳи оташфишон парронида шуд.
1908 – Зодрӯзи олими бахши физика, президенти Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1957-1964) Султон Умаров.
1929-1961 – Мавлуди нависанда Пӯлод Толис.
1929 – Зодрӯзи оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Шарофиддин Сайфиддинов.
1932-2007 – Мавлуди олими бахши кимиё, академик Юсуф Носиров.
1935 – Зодрӯзи тарҷумон Нусур Холмуҳаммадов.
1940 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тамара Абдушукурова.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.
Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +17+22.
Дар НТМ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.


