Рустами Эмомалӣ занони роҳрӯбро қадрдонӣ кард

Раиси шаҳри Душане Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки якдафъаинаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин кумак ба муносибати таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлоляити давлатии Тоҷикистон расонида мешавад. […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душане Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки якдафъаинаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин кумак ба муносибати таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлоляити давлатии Тоҷикистон расонида мешавад.

Тибқи ин қарор, 42 нафар собиқадорони ҶБВ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг ҳалокшуда ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.

Ба 415 нафар сарбозони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, шахсони дар муҳосираиЛенинград қарордошта, шахсоне, ки дар ақибгоҳ ба ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд, 500-сомонигӣ дода мешавад.

Ҳамчунин ҳудуди 4 ҳазору 650 нафар кормандони раёсатҳои истифодбарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Барои расонидани кумаки моддии якдафъаина ба гурӯҳи шахсони дар боло зикршуда аз буҷети пойтахт дар маҷмӯъ 4 млн. 895 ҳазору 300 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Раиси пойтахт ба муовинони худ дастур дод, ки то 6 сентябр ба дасти шахсони зикршуда расидани кумакпулии якдафъаинаро таъмин созанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.