Эмомалӣ Раҳмон: 60% кӯдакони маъюб натиҷаи никоҳи хешутабории наздик аст

Президент аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар байни кӯдакони то панҷсола аз панҷ як нафар қадпастӣ, аз чор як нафар камхунӣ ва аз даҳ як кӯдак камвазнӣ дорад. Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил Сарвари давлат […]

Президент аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар байни кӯдакони то панҷсола аз панҷ як нафар қадпастӣ, аз чор як нафар камхунӣ ва аз даҳ як кӯдак камвазнӣ дорад.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил Сарвари давлат иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ дар як сол 1300-1400 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта мешаванд, ки 55-60 фоизи онҳо дар натиҷаи никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд.

Дар раванди пешгирӣ кардани пайомадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, таваллуди кӯдакони маъюб ва паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар байни онҳо дар асоси нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ин масъала боз ҳам мукаммал гардонида шуд.

Зикр шуд, ки дар раванди пешгирӣ кардани пайомадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, таваллуди кӯдакони маъюб ва паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар байни онҳо дар асоси нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ин масъала боз ҳам мукаммал гардонида шуд.

“Мақсади асосии муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда – таъмини ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солиму хушбахт ва пешгирӣ кардани таваллуди кӯдакони маъюб мебошад”, – қайд кард Сарвари давлат.

Президент зикр кард, ки маблағгузории нигоҳдории кӯдакони маъюб-бошандагони муассисаҳои будубоши доимии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як сол зиёда аз 24 миллион сомонӣ буда, барои як нафар кӯдаки маъюб беш аз 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Шумораи умумии кӯдакони маъюб ба ҳолати 1 апрели соли 2018-ум 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 2 ҳазор нафарашон айни замон дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳубин карда мешаванд, – гуфт ӯ. – Нафақаи маъюбӣ (иҷтимоӣ) барои кӯдакони маъюб ба ҳисоби миёна дар як моҳ – 224 сомонӣ (ҳаҷми маблағгузории солона қариб 6 миллион сомонӣ) мебошад”.

Эмомалӣ Рахмон аз он изхор норозигӣ кард, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёди ҳукумат ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аксари кӯдакону наврасоне, ки бо сабаби никоҳи хешутабории наздик ба маъюбӣ гирифтор шудаанд, ҳам аз кумаки аввалияи тиббӣ ва ҳам аз таҳсилот дур мондаанд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат ҳамчунин қайд кард, ки имрӯз дар кишвар сатҳи фавти модару кӯдак коҳиш ёфта, аз рӯи маълумоти оморӣ, фавти модарон 24,1 нафар ба 100 000 зиндатаваллуд ва фавти кӯдакони то панҷсола 21 нафар ба 1000 зиндатаваллудро ташкил медиҳад, “вале ҳамин нишондиҳанда низ моро водор месозад, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешем”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2016 никоҳ байни хешутаборони наздик – фарзандони бародарону хоҳарон ва аммаву амаку тағо ва хола манъ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.