Ташрифи муовини масъули бахши мудофиаи Си Ҷинпин ба Тоҷикистон

Рӯзҳои 4-6 сентябр ташрифи ҳайати Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси Шӯрои марказии ҳарбӣ, узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии  Ҳизби коммунистӣ генерал-полковник Сюй Тсилян ба  Тоҷикистон дар назар аст. Ин сафар дар доираи амалисозии қарордодҳои муҳими ҳосилшуда байни раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, хабар медиҳад Вазорати корҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзҳои 4-6 сентябр ташрифи ҳайати Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси Шӯрои марказии ҳарбӣ, узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии  Ҳизби коммунистӣ генерал-полковник Сюй Тсилян ба  Тоҷикистон дар назар аст.

Ин сафар дар доираи амалисозии қарордодҳои муҳими ҳосилшуда байни раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумуҳурӣ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби сафар Сюй Тсилян бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин аз яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки сафари мазкур ба эътимоди стратегии мутақобила байни Пекин ва Душанбе таҳким бахшида, ба пешрафти ҳамкориҳои судманд мусоидат менамояд.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари Шӯрои марказии ҳарбии Чин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.