Натиҷаи Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон бе “тилло” 7 медал ба даст овард

Рӯзҳои охири Бозиҳои тобистонаи Осиё намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи самбо боз ду медал ба даст оварданд: Умед Ҳасанбеков – нуқра ва Комроншоҳи Устопириён – биринҷӣ. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 7 медал – 4 нуқра (Дилшод Назаров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шаҳриёр Даминов, Умед Ҳасанбеков) ва 3 биринҷӣ (дуто Комроншоҳи Устопириён […]

Рӯзҳои охири Бозиҳои тобистонаи Осиё намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи самбо боз ду медал ба даст оварданд: Умед Ҳасанбеков – нуқра ва Комроншоҳи Устопириён – биринҷӣ.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 7 медал – 4 нуқра (Дилшод Назаров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шаҳриёр Даминов, Умед Ҳасанбеков) ва 3 биринҷӣ (дуто Комроншоҳи Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов) ноил гардида, дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи 30-юмро ишғол намуд.

Дар Бозиҳои Осиёи пешина намояндагони Тоҷикистон ба гирифтани 5 медал – Дилшод Назаров (гурзандозӣ, тилло), Зелимхон Юсупов (гуштин), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова (ҳама таэквондо WT) шарафёб гардида буданд.

Рӯзи 2 сентябр дар Ҷакарта маросими анҷоми Бозиҳои XVIII тобистонаи Осиё-2018 доир гардид. Муддати 15 рӯз 11 ҳазор нафар намояндагони 45 кишвари Осиё дар 40 навъи варзиш барои дарёфти 465 медалҳо қувваозмоӣ карданд.

Зинаи аввалро бо 289 медал (132 медали тилло) Чин ва зинаҳои дуюму сеюмро Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ касб карданд. Миёни кишварҳои ИДМ Ӯзбекистон бо 70 медал (21 медали тилло) мақоми 5-умро ишғол намуд. Бозиҳои минбаъдаи тобистонаи Осиё соли 2022 дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.