Светлана Герасименко бо ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино қадрдонӣ мешавад

Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ шахсони сазоворро ба ҷоиза дар соли 2018 муайян кард. Ҷоизаҳо ба се олими тоҷик – ситорашинос Светлана Герасименко, биолог Муҳиба Яқубова ва сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон тақдим карда мешаванд. Қарори Кумита бо қарори ҳукумат маъқул шуморида шудааст. Ситорашиноси маъруфи […]

Asia-Plus

Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ шахсони сазоворро ба ҷоиза дар соли 2018 муайян кард.

Ҷоизаҳо ба се олими тоҷик – ситорашинос Светлана Герасименко, биолог Муҳиба Яқубова ва сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон тақдим карда мешаванд. Қарори Кумита бо қарори ҳукумат маъқул шуморида шудааст.

Ситорашиноси маъруфи замони шӯравӣ ва Тоҷикистон, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Светлана Герасименко барои кашфи кометаи нави кӯтоҳдаври Чурюмов-Герасименко, ки бо Сертификати Агентии кайҳонии Аврупо ва Шаҳодатномаи расмии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ тасдиқ шудааст, бо ҷоиза дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника сарфароз гардонида мешавад.

Ҷоиза дар бахши илмҳои биологӣ, тиб ва кишоварзӣ ба Муҳиба Яқубова, доктори илмҳои биологӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи корҳои илмӣ дар мавзӯи "Механизмҳои адаптатсионии фаъолияти системаҳои биологӣ" тақдим мегардад.

Дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои асарҳои илмии  “Муқаддамаи идеяи миллӣ” ва “Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” бо ҷоиза қадрдонӣ мешавад.

Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ду сол як маротиба тақдим карда мешаванд. Маблағи ҳар кадоме аз ҷоизаҳо тақрибан ба 3,5 ҳазор доллар баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.