Дар Душанбе нахустин эстакада дар Тоҷикистон боз шуд

Дар Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони эстакадаи мазкур моҳи июли соли 2016 оғоз ва дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ […]

Наим Халимов

Дар Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони эстакадаи мазкур моҳи июли соли 2016 оғоз ва дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардид.

Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин иншоот ва суҳбат бо роҳсозон ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати назорати роҳи мазкур, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, масъулинро муваззаф намуд. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, агар то ба имрӯз барои роҳҳои ҳудуди мамлакат асфалти бузургдона ва майдадона истеҳсол ва истифода мегардид, акнун дар роҳи сеқабата ҳамаи қитъаҳо бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд, амалӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорӣ аз он назар ба дигар намуди он 4 – 5 сол зиёдтар мебошад.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.

Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян-Бейсин” –и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Гуфта мешавад, баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.