То мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 70 рӯз боқӣ монд

Дар сомонаи ҶСК “НБО Роғун” лавҳаи ҳисоби соату рӯз то мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ гузошта шудааст. Қаблан зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини, ки аз тирамоҳи соли 2016 ба сохтмони нерӯгоҳ машғул аст, итминон дод, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати аввали нерӯгоҳ ба истифода дода мешавад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар сомонаи ҶСК “НБО Роғун” лавҳаи ҳисоби соату рӯз то мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ гузошта шудааст.

Қаблан зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини, ки аз тирамоҳи соли 2016 ба сохтмони нерӯгоҳ машғул аст, итминон дод, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати аввали нерӯгоҳ ба истифода дода мешавад.

Ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан, иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Моҳи апрели соли оянда ба истифода додани агрегати №5 дар назар аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки бузургитарин дар минақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.