Гирдиҳамойӣ дар назди дафтари кории САҲА дар Душанбе

Дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе гирдиҳамойӣ доир гардид. Дар тазоҳурот асосан ҷавонон ҳузур доштанд, ки ба иштироки раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА изҳори норозигӣ карданд. Намояндагони САҲА аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзиданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, соатҳои 9 субҳи […]

Asia-Plus

Дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе гирдиҳамойӣ доир гардид.

Дар тазоҳурот асосан ҷавонон ҳузур доштанд, ки ба иштироки раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА изҳори норозигӣ карданд. Намояндагони САҲА аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзиданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, соатҳои 9 субҳи 7 сентябр дар назди дафтари барномавии САҲА дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Гуфта мешавад, Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава дар ба сараш моеи монанд ба бензин рехта, худро оташ заданӣ шуд, вале кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин монеъ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сарёвар оид ба масоили робита бо ВАО ва ҷомеаи САҲА Мунира Шоинбекова гуфт, “нисбати тазоҳурот, ки субҳи имрӯз дар назди дафтари кории мо гузаронида шуд, мо ҳеҷ шарҳу тавзеҳе надорем”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.