Фестивали оши палав беҳтарин ошпазҳои Суғдро муайян мекунад

Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар озмун ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон новобаста […]

Asia-Plus

Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар озмун ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон новобаста аз намуди кору фаъолият иштирок карда метавонанд.

Гуфта мешавад, барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим мешавад. Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” – 5 000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ(ҷойи дуюм), “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ, “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ, “Дастони моҳир” – 2000 сомонӣ ва “Ширавории миллии беҳтарин” – 5000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм), “Нишоллопази беҳтарин” 3000 сомонӣ, “Парвардапази беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ҳалвопази беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Наботпази беҳтарин” – 3000 сомонӣ мукофотпулиҳо супорида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.