БАТР ба харидории 40 автобус барои шаҳри Бохтар қарз медиҳад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои беҳбуди сатҳи хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) то 6 млн. доллар қарз ҷудо мекунад. Аз ҳисоби ин маблағҳо, аз ҷумла харидории 40 автобус дар назар аст. Қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба корхонаи “Бохтарнақлиётхизматрасон”ба муҳлати 13 сол дода мешавад, хабар медиҳад намояндагии БАТР дар Тоҷикистон. “Воситаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои беҳбуди сатҳи хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) то 6 млн. доллар қарз ҷудо мекунад. Аз ҳисоби ин маблағҳо, аз ҷумла харидории 40 автобус дар назар аст.

Қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба корхонаи “Бохтарнақлиётхизматрасон”ба муҳлати 13 сол дода мешавад, хабар медиҳад намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

“Воситаҳои пулӣ барои харидории 40 адад автобусҳои нав, ки истифодаи онро ба маъюбону пиронсолон осон мекунанд, сарф мешавад”, – қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин ин маблағҳо ба сохтмони истгоҳи автобусҳо ва ҷорӣ кардани низоми ҳамгиройишудаи билетҳои электронӣ истифода мешаванд.

Намояндагони бонк бар ин назаранд, ки ин ба хадамоти нақлиёти корхонаи “Бохтар” ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани фаъолият ва ҳисоботи молиявӣ, ҳамчунин бунёди низоми муосири пардохти маблағи роҳкиро, ки ба таҷрибаи беҳтарини байнулмилалӣ асос ёфтааст, кумак мекунад.

Гуфта мешавад, тамоми қарордодҳо дар доираи ин лоиҳа бар асоси озмуни кушод ва риояи қатъии сиёсат ва қоидаҳои хариди БАТР ба имзо мерасанд.

Зимнан таъкид мешавад, ки дар лоиҳа имконоти бо ҷойи корӣ таъмин кардани занон низ пешбинӣ шудааст, ки дар ин соҳа як навгоние хоҳад буд, зеро айни замон асосан мардон дар ин бахш кор мекунанд.

“Зарурати навсозии нақлиёти ҷамъиятӣ кайҳост, ки рӯйи кор омада, мо хурсандем, ки дар ин ҳалли ин мушкилот саҳм гузошта метавонем”, – қайд кардааст роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова.

Қобили зикр аст, ки то кунун БАТР ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 608 млн. евро (700 млн. доллар) маблағгузорӣ кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.