Медали тиллои муштзани тоҷик дар мусобиқа байни донишҷӯён

Дар мусобиқаи Чемпионати VIII ҷаҳон оид ба бокс байни донишҷӯён, ки аз 1 то 6 сентябр дар шаҳри Элиста, баргузор шуд, варзишгари тоҷик Шаббос Неъматуллоев ба гирифтани медали тилло дар вазни 81 кило шарафёб гардид. Дар ин мусобиқа намояндагони 22 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, Тоҷикистонро танҳо Шаббос Неъматуллоев намояндагӣ кард. Бори нахуст дар таърихи бокси […]

Дар мусобиқаи Чемпионати VIII ҷаҳон оид ба бокс байни донишҷӯён, ки аз 1 то 6 сентябр дар шаҳри Элиста, баргузор шуд, варзишгари тоҷик Шаббос Неъматуллоев ба гирифтани медали тилло дар вазни 81 кило шарафёб гардид.

Дар ин мусобиқа намояндагони 22 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, Тоҷикистонро танҳо Шаббос Неъматуллоев намояндагӣ кард.

Бори нахуст дар таърихи бокси тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни 81 кило чемпиони ҷаҳон шуд. Дар қувваозмоиҳо ӯ бар варзишгарони Литва, Тайбэй, Беларус ва Русия дастболо шуд.

Шаббос Неъматуллоев ғолиби мусобиқаи Чемпионати Осиё байни донишҷӯён дар соли 2016, дорандаи медали нуқраи мусобиқаи Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар Бангкок (соли 2014), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Киев (соли 2013) ва Чемпионати Осиё дар ҳамин синнусол дар Чимкент (соли 2018) мебошад.

Шаббос Неъматуллоев устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ оид ба бокс аст. Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Падараш Аббос Неъматуллоев ва Хуршед Ҷӯраев мураббиёнаш мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.