Ба суд умедворам: Падари Моҳира Ятимова мурофиаи кушодро интизор аст

Date:

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимоваи 33-сола, ки собиқ шавҳараш қатл кард, ба суди боадолат умедвор аст.

“Ман ба суд ва адолат дар парвандаи куштор духтарам умедворам”, – гуфт ӯ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс”.

Барои вокуниш ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар таҳқиқи парвандаи куштори духтараш ӯ ба раҳбарияти ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори умум миннатдорӣ изҳор намуд.

“Ҳодисаи куштори духтарам дар хонаи собиқ шавҳараш дар камераҳои видео наворбардорӣ шуда, он ба маводи парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ карда шудааст ва умедворам, ки ин сабти видео далели раднопазири бегуноҳии Моҳира хоҳад шуд”, – гуфт Ятимов.

Ҳамчунин ӯ умедвор аст, ки мурофиаи судӣ нисбати собиқ шавҳари духтараш кушода доир гардида, дар он намояндагони ВАО низ ҳузур хоҳанд дошт.

“Умедворам, ки мурофиаи судӣ нисбати Ширинов барои касоне, ки фикр мекунанд қонун ба онҳо дахл надорад, дарси ибрат мешавад”, – илова кард Ятимов.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.

Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...