Муноқишаву занозании намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин дар Варшава

Дар Варшава рӯзи 11 сентябр назди даромадгоҳи бинои баргузории ҷаласаи ҳамасолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолони мухолифини тоҷик ҷанчолу муноқиша карданд. Ҳодиса нимаи рӯзи дуюми конфронс, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бинои баргузории ҷаласаро тарк мекарданд. Бино ба иттилои РИА Новости, намояндаи мухолифини тоҷик Сулаймони […]

Дар Варшава рӯзи 11 сентябр назди даромадгоҳи бинои баргузории ҷаласаи ҳамасолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолони мухолифини тоҷик ҷанчолу муноқиша карданд.

Ҳодиса нимаи рӯзи дуюми конфронс, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бинои баргузории ҷаласаро тарк мекарданд. Бино ба иттилои РИА Новости, намояндаи мухолифини тоҷик Сулаймони Орзу (Сулаймон Орзуев) бо узви ҳайати расмӣ ва собиқ узви Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов суҳбат ва бо ӯ аксбардорӣ карданӣ шуда, лекин ин вақт намояндаи Душанбе ба рӯи ӯ бо мушт зарба мезанад.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, вақте Мулло Аёмиддин аз дари бино берун шуд, Сулаймон Орзуев ба дасти ӯ шиори "Озодӣ ба маҳбусони сиёсии Тоҷикистон!”-ро дод, то бо ин шиор аксаш бигирад. Мулло Аёмиддин шиорро ба даст гирифт, вале дар ин асно як ҷавонмарди дар тан костюм ва дар гардан галстук шиорро аз дасти Мулло Аёмиддин гирифт ва пора кард. Сулаймон Орзуев бо ин мард вориди баҳс шуд, вале дар ин лаҳза як ҷавонмарди дигари низ костюму галстукпӯш ба таври ногаҳонӣ бо мушт ба рӯи вай зад.

https://www.youtube.com/watch?v=IJBpE_guqgM

Гуфта мешавад, ин мард ҳамин тавр дар ҷараёни радду бадал Вайсиддин Одинаевро бо лагад зад ва ба сари Шӯҳрати Раҳматулло, хабарнигори "Паём”, ки ин ҷараёнро навор мегирифт, давид.

Сулаймон Орзуев ба як масъули анҷумани САҲА муроҷиат кард, ки ӯро заданд. Он ду ҷавонмард баъди ин муноқиша ба тарафи мошини ҳайъати расмии ҳукумат рафтанд. Фаъолони мухолифин онҳоро то мошин дунбол гирифтанд ва аз марде, ки занозанӣ кард, талаб мекарданд, ки аз мошин фарояд. Дар охир яке аз фаъолони оппозитсия машварат дод, ки монеи ҳаракати мошини ҳайъати ҳукумат нашаванд, чунки "пулис худаш ҳама чиро ҳал мекунад.”

Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор мегирад

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, Масъули БДИПЧ дар ҷаласа аз ҳайати ҳукумат узр хост. Айни замон ҳодисаро мақомоти пулис Лаҳистон (Полша) тафтиш мекунад.

Ингиборг Солрун Гисладоттир, мудири Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА дар оғози ҷаласаи шомгоҳии анҷумани ин созмон дар Варшава занозании байни намояндагони ҳукумат ва оппозитсияи тоҷикро маҳкум ва гуфтааст, ки иштирокчиёни ин моҷароро то замони бозрасии пулис аз ҳаққи ширкат дар анҷуман маҳрум кардаанд, иттилоъ медиҳад “Ахбор”.

Хонум Гисладоттир чунин амалҳои пархошҷӯёнаро чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни бинои анҷуман ғайри қобили қабул ва сазовори маҳкумият номид.

Тибқи маълумоти чанде аз ВАО, шахсе, ки ба фаъолони мухолифин бо мушту лагад дарафтод, мушовири сафири Тоҷикистон дар Берлин Мурод Саидзода мебошад, ки масъули масоили робитаҳои иқтисодӣ ва муносибатҳо бо Чехия ва Лаҳистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.