Ба суд умедворам: Падари Моҳира Ятимова мурофиаи кушодро интизор аст

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимоваи 33-сола, ки собиқ шавҳараш қатл кард, ба суди боадолат умедвор аст. “Ман ба суд ва адолат дар парвандаи куштор духтарам умедворам”, – гуфт ӯ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс”. Барои вокуниш ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар таҳқиқи парвандаи куштори духтараш ӯ ба раҳбарияти ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори умум […]

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимоваи 33-сола, ки собиқ шавҳараш қатл кард, ба суди боадолат умедвор аст.

“Ман ба суд ва адолат дар парвандаи куштор духтарам умедворам”, – гуфт ӯ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс”.

Барои вокуниш ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар таҳқиқи парвандаи куштори духтараш ӯ ба раҳбарияти ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори умум миннатдорӣ изҳор намуд.

“Ҳодисаи куштори духтарам дар хонаи собиқ шавҳараш дар камераҳои видео наворбардорӣ шуда, он ба маводи парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ карда шудааст ва умедворам, ки ин сабти видео далели раднопазири бегуноҳии Моҳира хоҳад шуд”, – гуфт Ятимов.

Ҳамчунин ӯ умедвор аст, ки мурофиаи судӣ нисбати собиқ шавҳари духтараш кушода доир гардида, дар он намояндагони ВАО низ ҳузур хоҳанд дошт.

“Умедворам, ки мурофиаи судӣ нисбати Ширинов барои касоне, ки фикр мекунанд қонун ба онҳо дахл надорад, дарси ибрат мешавад”, – илова кард Ятимов.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.

Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.