Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешавад

Аз 15 то 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад. Баъди анҷоми расми ифтитоҳ филми “Барон” намоиш дода мешавад, ки аз мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонқни маводи мхаддир […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Аз 15 то 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад.

Баъди анҷоми расми ифтитоҳ филми “Барон” намоиш дода мешавад, ки аз мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонқни маводи мхаддир ҳикоят мекунад.

Рӯзи 16 сентябр соати 10 дар кинотеатри “Зебуннисо” намоиши филми “Зурриёт” барпо мешавад. Дар филм аз зиндагии ҷавоне ҳикоят мешавад, ки аз деҳоти кӯҳистон ба шаҳр омада, дар ҳолатҳои гуногун бо ҳар гуна одамон шиносоӣ пайдо мекунад. Дар натиҷа ба хулосае мерасад, ки бо меҳнатқаринӣ, бовар ба худ ва муносибати некхоҳона нисбати рӯзгору одамон ба комёбиҳои назаррас дар зиндагӣ метавон ноил гардид.

Ғайр аз ин, ба тамошобинони тоҷик филмҳои коргардонҳои ӯзбек “Меросхӯр” (кинотеатри “Лоҳутӣ” дар шаҳри Бохтар) ва “Сабот” низ намоиш дода мешаванд.

Дар рӯзи охири чорабинӣ байни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии миллии “Ӯзбеккино” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.