Президент дар Роштқалъа беморхонаи касалиҳои рӯҳиро боз намуд

Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, […]

Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон нахуст Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос ва ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.

Бинои  Беморхонаи касалиҳои  рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дарбар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад.

Гуфта мешавад, дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона ба беморон хизмат мерасонад. Ҳама ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона ҳамчунин дорои ҳамом, утоқи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидааст.

Дар ноҳияи Роштқалъа Президенти мамлакат ҳамчунин бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ ҳусни оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд. Тибқи лоиҳа дар ҳавлии биноҳои 5-ошёнаи ноҳияи Роштқалъа, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тайи 10 соли охир барои иҷрои корҳои созандагӣ ва дастгирии буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 155 миллион сомонӣ маблағ хароҷот гардида, давоми се соли оянда барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ноҳия ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии он равона кардани боз зиёда аз 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.