Бинои донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ: гарон ва технологӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ боз намуд, ки аз ҷониби Бунёди Оғохон сохта шудааст. Барои сохмтони он то имрӯз наздики 100 млн. доллар маблағ масраф шудааст. Бинои сеошёна дар майдони 15 гектар бунёд гардида, аз дарсхонаҳо, китобхона, озмоишгоҳ, ошхона, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ барои омӯзгорону донишҷӯён иборат аст. Донишгоҳи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ боз намуд, ки аз ҷониби Бунёди Оғохон сохта шудааст. Барои сохмтони он то имрӯз наздики 100 млн. доллар маблағ масраф шудааст.

Бинои сеошёна дар майдони 15 гектар бунёд гардида, аз дарсхонаҳо, китобхона, озмоишгоҳ, ошхона, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ барои омӯзгорону донишҷӯён иборат аст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – як муассисаи таълимии иборат аз се кампус аст: дар Норин (Қирғизистон, 19 октябри соли 2016 боз шуд), дар Хоруғ (Тоҷикистон, имсол боз шуд) ва Текели (Қазоқистон, соли 2019 боз мешавад).

Айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯён аз 7 давлат, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.