Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Ҳафтаи Фаронса дар Тоҷикистон баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  9.4133 сомонӣ; 1 евро – 10.9844 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1384 сомонӣ.  ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1934 – Осоишгоҳи Хоҷа […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Ҳафтаи Фаронса дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4133 сомонӣ;

1 евро – 10.9844 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1384 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм нахустин муолиҷакунандагонро қабул кард.

 1992 — Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2010 — Роҳбарони ВАО-и чопии муваффақи Тоҷикистон Кооперативи паҳнкунандагони нашрияҳоро таъсис доданд.

2012 — Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андоз дар таҳрири навро ба имзо расонид.

2012 – Саҳифаи Гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» ба сегонаи беҳтарини корбарон дар шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон шомил гардид.

1912-2001 – Зодрӯзи Георгий Менглет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, иҷрокунандаи нақши У.Черчилл.

1938 – Мавлуди сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мустафоқул Муртазоев.

1948 – Зодрӯзи Фаррух Қосимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1954 – Мавлуди раиси палатаи поёнии парлумони ҶТ Шукурҷон Зуҳуров.

1954 – Зодрӯзи доктори илми тиб, профессор Тӯйчӣ Абдуфаттоҳов.

1947 – Мавлуди публисист  Саидаҳмади Қаландар.

1956 – Зодрӯзи нависанда Тӯлқин Хоҷа.

1957 – Мавлуди журналист Шукрисоҳиб Раҳматуллоев.

1958 – Зодрӯзи  оҳангсоз Ворис Абдураҳмонов.

1967 – Мавлуди олим Зулфия Мирзода.

1976 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб Шаҳноза Холова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +10+15.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+18, рӯзона +21+23.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.