Як гурӯҳи афроди мусаллаҳ имрӯз ҷиҳати ҳамла ба Академияи ҳарбии ба номи маршал Фаҳим дар Кобул кӯшиш карданд, хабар медиҳад Интерфакс бо истинод ба васоити ахбори умуми маҳаллӣ.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳангоми ҳамла типарронии башиддат ва таркишҳо сурат гирифта, вале ба назар мерасидааст, ки ҷангиён ба дохили муассисаи таълимӣ ворид шуданӣ набудаанд.
Тавре хабаргузории AFPиттилоъ медиҳад, дар ҷойи ҳодиса садои тирпаррониву таркиш ба гӯш мерасад.
Алҳол дар бораи қурбониёну захмишудагон ва зиёни расида маълумот дастрас нест. То ҳанӯз ҳеҷ созмоне масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Роҳҳои воридшавӣ ба мавзеи ҷойгиршавии муассисаи таълимиро мақомоти пулис бастааст.
Қобили зикр аст, ки Академияи ҳарбии ба номи маршал Фаҳим дар яке аз канораҳои шаҳри Кобул воқеъ буда, барои таҳсили афсарон пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда низ дар Кобул бар асари амали террористӣ 103 нафар ҳалок шуданд. Ҷангии маргталаб дастгоҳи таркандаро бо истифода аз мошини ёрии таъҷилӣ ба кор даровард. Масъулияти ин амали террористиро ҳаракати Толибон ба дӯш гирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.